Дар ҳолати садававӣ қарор доштани 33 мактаби вилояти Суғд

Обуна шудан
Рӯзи 3-юми сентябр дар вилояти Суғд таҳти раёсати раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи корӣ баргузор шуд, ки дар он муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ дар барои навсозӣ ва таҳким муассисаҳои таълимӣ вилоят маълумот пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилоят Суғд, аз 46 мактаби дар ҳолати садамавӣ қарордошта дар 13 адади он корҳои навсозӣ оғоз ёфтааст, хабар додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Аввалин дарси хонандаҳои синфи яки мактаби нави №31 - Sputnik Тоҷикистон
Боз ба мактаб: таҷлили рӯзи дониш дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи манбаъ, зимни суханронӣ Назира Ғаффорӣ таъкид намудааст, ки мақомоти вилояти Суғд барои навсозӣ ва таҳким бахшидани пояи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Инчунин вай афзуд, ки дар ин давра хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят бо либоси ягонаи мактабӣ пурра таъмин шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мушкилоти мактабҳои садамавӣ, норасогии синфхонаҳо ва танқисии мактабҳо бо кадрҳои баландихтисос ба пуррагӣ бартараф карда шавад. 

Лентаи хабарҳо
0