ДУШАНБЕ, 3 Сент — Sputnik. Имрӯз дар бинои Ҳукумати Тоҷикистон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон Кейҷи Фуруя, дидор ва мулоқот намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, роҳҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд.
"Тарафҳо аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ ва амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ карданд", — таъкид кардааст манбаъ.
Тарафҳо барои таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, инчунин зарурати таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманд изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Инчунин, зимни мулоқот дигар масъалаҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.