Зани мамнуъ-ул-вуруд хост дар ҷомадон аз марз гузарад (ВИДЕО)

Обуна шудан
Шаҳрванди Узбакистон, ки вурудаш ба Туркиё мамнуъ будааст, талош кардааст дар дохили ҷомадон вориди ин кишвар шавад

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ҷавонзани 27-сола, ки қаблан мақомоти Туркия вурудашро мамнуъ кардаанд, мехост дар дохили ҷомадон вориди ин кишвар гардад, хабар медиҳад пойгоҳи  UzNews.

Ба иттилои манбаъ ҳодиса дар гузаргоҳи марзии  "Сарпи", миёни Гурҷистон ва Туркия рух додааст.

Таваҷҷуҳи сарҳадбонони Туркиёро ҷавони 24-солаи гурҷӣ, ки дар даст ҷомадони вазнинеро кашола мекард, ҷалб намуд. Сарҳадбонон ӯро ба назорати такрорӣ даъват намуда, аз вай нишон додани дохили ҷомадонро талаб мекунанд. Зимни санҷиш аз дохили ҷомадон ҷавонзан пайдо карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0