ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои арабӣ, Шайх Аҳмад дар доираи ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва техникӣ, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, иқдоми амалӣ барои вусъати ҳамкориҳо гузоштаст.
Шайх Аҳмад изҳор доштааст, ки сарфи назар аз муҳосираи бархе кишварҳо, иқтисоди Қатар ба пешрафтҳои назаррас ноил шуда, аз намояндагони Тоҷикистон даъват намуда, ки моҳи октябри соли равон дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Доҳа иштирок кунанд.
Зимни гуфтушунид, ҷонибҳо барои ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, интиқоли озоди бор, ҳаракати озоди нерӯи корӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.
Вазири Қатар, ки намояндагони "Qatar airways"-ро бо худ ба Душанбе овардааст, зимни баррасии кушодани хатсайр байни кишварҳо ин ширкатро аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст.
Ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, интиқоли бор, сармоягузорӣ ва гурез аз андозбандии дубора аз мавзуъҳои меҳварии гуфтушунидҳо будаанд.
Расонаҳои Қатар менависанд, зимни мулоқот, аз ҷумла кафолати масъалаи иқомат ба сармоягузорони хориҷие, ки дар маҷмааи "Диёри Душанбе" хона мехаранд, баррасӣ гардидааст.
"Диёри Душанбе", маҷмааи истиқоматии ширкати қатарӣ дар Душанбе мебошад. Тоҷикистон ба таври истисноӣ ба хориҷиён иҷозат дод, ки дар ин маҷмаа хона харанд. Инчунин давлати Қатар сармоягузори асосии бузургтарин масҷиди Тоҷикистон мебошад, ки феълан сохтмонаш дар шаҳри Душанбе идома дорад.
Шайх Аҳмад дар Душанбе хостори роҳандозии мунтазами чунин мулоқотҳо шуда, таъкид намудааст, ки бояд барои соҳибкорони ду кишвар шароит фароҳам оварда шавад, то корхонаҳои муштаракро таъсису лоиҳаҳои сармоягузориро татбиқ кунанд.