Дурдасттарин деҳаи Мастчоҳ соҳиби мактаб шуд

© Sputnik / Амир ИсаевТотальный диктант в Душанбе
Тотальный диктант в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати вилояти Суғд аз ифтитоҳи мактаби навбунёд дар деҳаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмӣ, мактаби нав бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шуда, бо 5 синфхона ва утоқҳои ёрирасон барои таҳсили 125 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд,  моҳи майи соли равон ба деҳаи дурдасттарини ноҳия — деҳаи Азизобод ташриф оварда, ба бунёди ин бинои таълимӣ санги асос гузошта буд.

"Дар гузашта бо сабаби набудани мактаб хонандагон 5 км роҳро тай намуда, дар деҳаи ҳамсоя таълим мегирифтанд", — иттилоъ дод раёсати вилояти Суғд.

Манбаъ афзуд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 46 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, дар онҳо 23 ҳазору 39 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0