Муаррихи рус ба вазири Русия: дарси таърихи тоҷиконро бештар кунед

© Министерство образования и науки РТМинистр образовани Таджикистана Нуриддин Саид встетился с министром просвешания России Ольга Васильева
Министр образовани Таджикистана Нуриддин Саид встетился с министром просвешания России Ольга Васильева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тимофей Балико, муаррих, рӯзноманигор ва омӯзгори фанни таърих дар вилояти Маскав, бо ирсоли як нома унвонии Олга Василева, вазири омӯзиши Русия, пешниҳод кардааст, ки дарси таърихи Тоҷикистон дар макотиби Русия зиёд карда шавад

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Балико, ки бо мақсади пажуҳиши этнографӣ аз Тоҷикистон боздид кардааст, кишварро дорои фарҳангу таърихи қадим арзёбӣ кардааст. Ӯ дар пайи бозгашт аз Тоҷикистон, ки миёнаҳои моҳи август сурат гирифтааст, дар як нома ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бардошташро аз кишвар баён намудааст.

Российские учителя прилетели в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Омӯзгорони русро дар Душанбе пешвоз гирифтанд

Муҳаққиқи рус изҳор доштааст, ки дар доираи таҳқиқоташ аз кишварҳои зиёди ҷаҳон, аз Африқо то Осиёро боздид кард, аммо мисли меҳмоннавозию меҳрубонии тоҷикистониён дар ҷое надидааст.

Ӯ гуфтааст, дар бисёри ҳолатҳо шаҳрвандони қатории Тоҷикистон корҳои худро мегузоранду барои ҳалли мушкили меҳмон талош мекунанд. Муҳаққиқ аз савдогарон дар Тоҷикистон тавсиф кардааст, ки бархилофи ҳамтоёнашон аз аксари нуқтаҳои ҷаҳон молашонро ба хориҷиён бо нархи гаронтар аз арзиши муқаррарӣ намефурӯшанд.

Муаррихи рус бо тавсифи фарҳангу таърихи ғании Тоҷикистон изҳор доштаст, чизҳои нав ва зиёдеро дар бораи таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон, аз ҷумла давлатдории Суғд омӯхтааст.

Балико ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додааст, ки тариқи як мактуб аз Олга Василева, вазири омӯзиши Русия хостааст, соатҳои дарсӣ барои омӯхтани таърихи Тоҷикистон ва таммаддунҳои дигари минтақаи АвруОсиё бештар карда шаванд. Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки татбиқи ин иқдом метавонад барои наздикшавии халқҳо ва дӯстии бештар мусоидат кунад.

Лентаи хабарҳо
0