ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Шоми 31 август муалллимони рус, ки барои тадриси хонандагони тоҷик дар соли хониши 2018-2019 ба кишвар равон шудаанд, ба Душанбе расиданд. Дар фурудгоҳи Душанбе муаллимони русро масъулин, мудирону омӯзгорони мактабҳо пешвоз гирифтанд.
Дар мактабҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон имсол бештар аз 50 муаллими рус дарс хоҳанд гуфт.
Моҳонаи омӯзгорони рус дар Тоҷикистон 60 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Моҳонаи омӯзгоронро ҷониби Русия бар душ гирифтааст, аммо Тоҷикистон бояд онҳоро бо хонаву пардохтҳои камуналӣ таъмин намояд.
Омӯзгорони рус дар мактабҳои Тоҷикистон забони русӣ, биология ва информатика таълим медиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан расонаҳо дар истинод ба мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки моҳонаи омӯзгорони Русияро Ҳукумати Тоҷикистон бар дӯш гирифта, Вазорати маорифи Русия ба онҳо иловапулӣ медиҳад.