ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ҷавони 23-солае аз ноҳияи Темурмалик ба мақомоти милиса муроҷиат кардааст, ки марде бо роҳи зӯроварӣ телефонашро кашида гирифтааст, хабар медиҳад ВУД ҶТ.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 28 август, тахминан соатҳои 23:00 дар маҳаллаи Гипрозем рух додааст.
"Ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаҳои 252 ва 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо тариқи ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ аз дастам 1-адад телефони мобилии тамғаи "Сони-Эриксон", ки арзишаш 15000-рубли русиро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад", — гуфа мешавад дар аризаи шикоятии ҷавон.
Ҷавони гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ аз ҷониби кормандони милитса дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.