Ман Худовандам: мусофирон дасту пойи ҷавони авбоши тоҷикро скотчпеч карданд (НАВОР)

Обуна шудан
Мусофирони хатсайри Маскав-Душанбе дасту пойи ҷавони тоҷикро пас аз ҳамла ба меҳмондор скотчпеч намудаанд. Нафаре аз мусофирон ҷавони ҷанҷолиро ба навор гирифтааст: ҳамоно вай таҳдид мекард ва худро Худованд номида мегуфт, ки ҳамаро ҷазо медиҳад

Дар навор дида мешавад, ки чанд мусофир даст ва пойи ҷавонро скотчпеч мекунанд.

"Пояшро низ банд", — шунавида мешавад овози яке аз мусофирон.

"Чаро ба зан даст бардоштӣ. Чаро занро ҳурмат намекунӣ?", — хитоб мекунад ҷавоне ба вай.

"Ман ҳурмат мекунам, фаҳмидӣ. Ман духтареро назадаам. Вай духтар набуд, вай мард буд. Ман Худовандам ва ҳамаро мебинам. Шумо ҳамаатон ҷазо мегиред. Ҳавопаймо меафтад", — фарёд мекашад ҷавон.

Дар навор дида мешавад, ки мусофирон аз кирдори ҳамватанонашон сахт нигарон шуда, мегуфтанд, ки маҳз бо айби вай аз роҳ бармегарданд.

Ёдрас мешавем, 29 август ҳавопаймои парвози Маскав-Душанбе бо далели сар задани ҷанҷол дар ҳавопаймо ба фурудгоҳ баргашт. Гуфта мешуд, ҷавони тоҷике меҳмондори ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии"-ро задааст ва таҳдид кардааст, ки бомб дорад.

Пештар Кумитаи тафтишотӣ навори бозпурсии шаҳрванди Тоҷикистонро мунташир кард. Ҷавон дасту пояш баста менишаст. Вай ба совили муфаттиш посухе надод. Нисбати ин шаҳрвани Тоҷикистон тибқи моддаи "Авбошӣ дар ҳавомаймо"- и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар назар аст, ки ҷавонро ба ҳабси пешакӣ гиранд.

Лентаи хабарҳо
0