Даминов барои Тоҷикистон медали сеюм овард: Беҳруз Хоҷазода боз қувваозмоӣ мекунад

© Национальный олимпийский комитет РТШахриёр Даминов, таджикский спортсмен получил серебро на Азиада-2018
Шахриёр Даминов, таджикский спортсмен получил серебро на Азиада-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар Палембанги Индонезия дар мусобиқа ба масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафара мақоми дуюм ва медали нуқраи бозиҳоро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқа 8 варзишгар иштирок карда, Шаҳриёр бо натиҷаи 4:05.950 дуюм шуда ба марра расид.

"Ҷои аввалро варзишгари ботаҷрибаи узбекистонӣ Вадим Немков бо натиҷаи 4:05.224 ишғол кард. Медали биринҷӣ бо натиҷаи 4:06.434 насиби варзишгари эронӣ Муҳаммад Набӣ Ризоӣ шуд", — иттилоъ дод Кумита.

Встреча чемпиона мира по самбо Бехруза Ходжазода в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Медали дуюми Тоҷикистон: Хоҷазода дар сабқат барои тилло аз варзишгари эронӣ шикаст хӯрд

Манбаъ афзуд, ки дар финали қуввазмоӣ дар масофаи 500 метр бо каноэи чорнафара тими Тоҷикистон миёни 9 даста ҳаштум шуд. Дар ин ришта се ҷои аввалро Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон ишғол намуданд.

Медали Даминов сеюмин медали нуқраи Тоҷикистон дар 18-ум Бозиҳои Осиё мебошад, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад.  Қаблан Дилшод Назаров дар қувваозмоии гурзандозӣ ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 81 кило дар куштии кураш сазовори медали нуқра гардиданд.

Бар асоси иттилоияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон варзишгарони тоҷик имрӯз, ҳамчунин дар намудҳои дзюдо — Шоҳида Қаландарова — вазни —57 кило, Беҳрӯз Хоҷазода — 73кило, Акмал Муродов —81кило ва қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (С-2, 1000 метр) иштирок мекунанд.

Дар ҷадвали ҳисоби медалҳои Бозиҳои Осиё-2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо се медали нуқра миёни 37 давлате, ки медал ба даст овардаанд, ба ҷои 30-юм баромад.

Лентаи хабарҳо
0