ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Беҳрӯз Хоҷазода, варзишкори тоҷик дар бозиҳои Осиё — 2018 дар шаҳри Ҷакарта дар куштии навъи кураш ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Бар асоси ҷадвали эълонҳои Бозиҳои Осиё — 2018, Беҳрӯз Хоҷазода, ки ҳамагӣ 23 сол ва 73 кило вазн дорад имрӯз дар сабқати ниҳоӣ бо Алӣ Акбари Илёси 30-сола дар вазни 81 кило қувваозмоӣ кард. Алӣ Акбари Илёсӣ, ки аз Беҳруз 8 кило вазнинтар буд бо бартарии як хол медали тилло ба даст овард.
Медали Хоҷазода дуюмин медали Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё — 2018 мебошад.
Қаблан Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик бо касби мақоми дуюм барои тими Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё — 2018 нуқра овард, ки нахустин медали кишвар дар ин бозиҳо мебошад.