Узбакистон бори аввал аст, ки дар ҷашни Рӯзи истиқлолият сарҳадро бо Тоҷикистон намебандад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевКПП "Патар" в Канибадаме, архивное фото
КПП Патар в Канибадаме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан мақомоти Узбакистон дар ҷашни Рӯзи истиқлолият барои 10 рӯз рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистонро тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ манъ мекард

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Мақомоти Узбакистон имсол тасмим гирифтааст, дар остонаи ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи истиқлолият, ки санаи 1 сентябр соли равон таҷлил мегардад, дар рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ маҳдудият ҷорӣ накунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости дар иқтибос бо қушнҳои сарҳадии Узбакистон.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд, шаҳрвандони ҳарду кишвар бидуни маҳдудият рафту омад доранд.

Маҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дипломатия: қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷудо намудани замин ба Узбакистон

Қаблан, пеш аз фарорасии ҷашни Рӯзи истиқлолият мақомоти Узбакистон ба рафтуомади шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ маҳдудият ҷорӣ намуда, марзбонон бо воситаҳои иловагӣ пурзӯр карда мешуданд.

Мақомоти Узбакистон як моҳ пеш то ҷашни Рӯзи истиқлолият ба Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудият огоҳинома мефиристод. 

Лентаи хабарҳо
0