Бозиҳои Осиё-2018: варзишгари тоҷик барои Узбакистон медал овард

© AFP 2023 / ADEK BERRY Сборная Таджикистана на церемонии открытия летних Азиатских игр 2018
Сборная Таджикистана на церемонии открытия летних Азиатских игр 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурзандоз Суҳроб Хоҷаев, ки 26 август барои тими Узбакистон медали биринҷӣ овард, тоҷик мебошад

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Суҳроб Хоҷаев, варзишгари тоҷиктабори Узбакистон гурзро ба масофаи 74,06 метр ҳаво дода, медали биринҷӣ ба даст овард.

Дилшод Назаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ашраф аз Дилшод дар БО - 2018 пеш гузашт: узрхоҳии Назаров аз мухлисони Тоҷикистон

Дилшод Назаров дар мусобиқа бо 14 варзишгар гурзро ба масофаи 74,16 метр ҳаво дода, ҷои дуюмро ишғол кард.

Мақоми якум бо натиҷаи 76,88 метр насиби варзишгари Қатар Ашраф Ал Сайфӣ шуд.

Дилшод Назаров се карат қаҳрамони Бозиҳои Осиё мебошад. Ӯ соли 2006 дар Доҳаи Қатар, соли 2010 дар Гуанжоуи Чин ва соли 2014 дар Инчони Корея сазовори медали тиллои бозиҳо гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0