Ёди қурбониён: веломарафон то макони ҳамла ба сайёҳон ва гузоштани муҷассамаи дучарха

© Корбари Фейсбук Ҷана АшӯроваДар Данғара ба хотири қурбониён лавҳаи ёдгорӣ гузоштанд
Дар Данғара ба хотири қурбониён лавҳаи ёдгорӣ гузоштанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон якҷо бо ширкати "Рахш Таксӣ" тасмим гирифтаанд, ки ба ёди қурбониёни террори 29 июл аз Душанбе то маҳалли куштор дар Данғара веломарафон баргузор кунанд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Содиқҷон Зарифӣ, сардори дафтари матбуоти "Рахш Таксӣ" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, веломарафон соати 8-и рӯзи 2 сентябр аз маҳаллаи 9 —ум километри Душанбе оғоз мешавад.

Погибшие американские туристы Lauren и Jay - Sputnik Тоҷикистон
Паёми модари Ҷей, қурбонии террор дар Данғара: хоҳиш кардаст, паҳн кунед

"Дар ҳамоиши дучархасаворон ҳар нафари хоҳишманд метавонад иштирок кунад. Ҳадаф ёди дучархасавороне, ки қурбони ҳамлаи террористӣ шуданд. Мехоҳем нишон диҳем, ки Тоҷикистон кишвари амн асту сайёҳон омада манзараҳои биҳиштосои ватанамонро тамошо кунанд", — изҳор дошт Зарифӣ.

Ӯ таъкид намуд, ки дар маҳалли куштори сайёҳон муҷассамае дар шакли дучарха гузошта хоҳад шуд.

Қаблан дар мавзеи қатли сайёҳони хориҷӣ лавҳаи ёдбуд гузошта шуда буд, ки дар он ҳамдардиву тасаллияти амиқи кулли мардуми Тоҷикистон ба наздикону пайвандони сайёҳони марҳум баён шудааст.

Ёдрас мешавем, 29 июл дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара чанд муттаҳам ба гурӯҳи сайёҳони дучархасавори хориҷӣ ҳамла оварданд. Дар пайи он 4 гардишгар кушта шуда, ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0