Нақли муҳофизони клуби шабона: чаро ва чӣ гуна Ҷамшед Кенҷаеви қаҳрамонро куштанд?

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкНаручники на двери клети
Наручники на двери клети - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳофизони боздоштшудаи клуби шабонаи "Аурум 898" ҷузъиёти қатли Ҷамшед Кенҷаев, қаҳрамони муҳорибаҳои омехтаи Узбакистонро нақл карданд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Чор муҳофизи боздоштшуда дар мурофиаи намоишӣ изҳор доштаанд, ки нахуст Кенҷаев хост, бо корд вориди маркази дилхушӣ гардад, аммо онҳо монеъ шуданд.

Пойгоҳи UzNews аз қавли муттаҳамон хабар додааст, ки Ҷамшед Кенҷаев зарба хурду афтид, вале кордро аз дасташ сар надодааст.

"Мо тарсидем, ки мехезад ва боз муноқишаро давом хоҳад дод. Баъд ман аз пушт омада, бо корд ба ӯ зарба задам", — изҳор доштааст яке аз боздоштшудагон.

Муҳофизи боздоштшудаи дигар нақл кардааст, ки Ҷамшед Кенҷаев дод мезад, ки ҳамаро мекушад.

Убийство чемпиона ММА в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон
Бо калтаку корд: куштори мудҳиши Ҷамшед Кенҷаев дар клуби шабона ба навор афтод (НАВОР)

Ёдрас мешавем, ки дар клуби шабонаи "Аурум 898"-и Тошканд,  шаби 8 ба 9 август муноқиша рух дод, ки дар натиҷаи он Ҷамшед Кенҷаев қаҳрамони муҳорибаҳои омехтаии Узбакистон, варзишкори машҳур ва ҷавон, ки ҳамагӣ 25 сол дошт аз ҷониби муҳофизон кушта шуд.

Даргирӣ аз он сар мешавад, ки яке аз посбонҳои клуб бо варзишкор баҳс мекунад. Баҳс ба занозанӣ ва даргирӣ ба куштор анҷом меёбад.

Бар асоси навори дастгоҳҳои назоратӣ, дар аввал ду ҷавон ба назди даромадгоҳи клуб омада, бо ҳозирин дастфишорӣ мекунад. Ба назар чунин мерасад, ки Кенҷаев ба клуб ворид шудан мехост, аммо ӯро як гурӯҳ ҷавонон ба як тараф мебаранд. Кенҷаев дубора назди посбонон (назди дари клуб) омада кӯшиши даромадан мекунад ва ҳамин вақт бо яке аз посбонҳо ҷанҷоли онҳо сар мешавад.

Дар навор дида мешавад, ки як варзишкорро 8-10 нафар калтакборон мекунанд.  Ба сари вай нафаре аз посбонҳо бо миз мезанад. Дар ҳамин вақт, ки аллакай Кенҷаев дар замин хоб мерафт, аз ҳар тараф ӯро бо пой мезананд.

Баъдан варзишгар ба бемористон интиқол дода мешавад, аммо табибон натавонистанд, ӯро наҷот диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0