Дар Тошканд дар клуби шабонаи "Аурум 898" шаби 8 ба 9 август даргирии шадиде ба амал омад, ки дар натиҷаи он Ҷамшед Кенҷаев қаҳрамони муҳорибаҳои омехтаии Узбакистон, варзишкори машҳур ва ҷавон, ки ҳамагӣ 25 сол дошт аз ҷониби чанд тан хунсардона кушта шуд.
Даргирӣ аз он сар мешавад, ки яке аз посбонҳои клуб бо варзишкор баҳс мекунад. Баҳс ба занозанӣ ва даргирӣ ба куштор анҷом меёбад.
Дар видео тамоми ҳодиса сабт шудааст: аз баҳсу занозанӣ то лаҳзаи куштор.
Дар аввал ду ҷавон ба клуб омада, бо ҳамаи "зӯрҳо" дастфишорӣ мекунад. Ба назар чунин мерасад, ки Кенҷаев ба клуб ворид шудан мехост, аммо ӯро як гурӯҳ ҷавонон ба як тараф мебаранд. Кенҷаев дубора назди посбонон (назди дари клуб) омада кӯшиши даромадан мекунад ва ҳамин вақт бо яке аз посбонҳо ҷанҷоли онҳо сар мешавад.
Дар навор дида мешавад, ки як варзишкорро 8-10 нафар калтакборон мекунанд. Ба сари вай нафаре аз посбонҳо миз мебарад. Дар ҳамин вақт, ки аллакай Кенҷаев дар замин хоб мерафт, аз ҳар тараф ӯро бо пой мезананд.
Дар як лаҳза ин ҷанҷол ба куштори мадҳиш табдил меёбад.
Вақте ки издиҳом пароканда мешавад, дида мешавад, ки касе бо корд ба қафаси синаи варзишкор чанд маротиба бо шиддат мезанад.
Онҳо, бо ин ҳам қаноат накарда Кенҷаевро бо калтак ва лагад задан мегиранд.
Дар навор дида мешавад, ки варзишкор дигар қувваи муқовимат кардан надорад ва беҳаракат хоб меравад. Касе ба кӯмаки вай намешитобад. Баръакс лагадҳо ба сари вай мерезанд.
Тавре пештар хабар дода шуд, Ҷамшед Кенҷаевро баъди ин ҳодиса ба бемористон мебаранд, аммо вай мутаассифона аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат мерасад.
Ин куштори даҳшатборро муқомоти Узбакистон тафтиш мекунад. Чанд нафар боздошт шудаанд.