ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Манижа ба консерт дар яке аз бомҳои Маскав каме дер ҳозир шуда, бо узрхоҳӣ аз мухлисон шарҳ дод, ки мехост консертро баъди омадани ҳамаи мухлисон оғоз кунад. Чун мухлисони зиёде ба консерт омаданд, на ҳама саривақт тавонистанд худро ба майдони ҳунарнамоӣ дар бом расонанд.
Манижа баробари хондани сурудҳои маъруфаш бо мухлисон фаъолона муошират мекард.
Ӯ қабл аз хондани суруди "Не твое", ҳозиринро даъват кард, ки талош намоянд, дар ҳаёт эҳсоси гунаҳкориро камтар кунанд.
Овозхони тоҷик пеш аз суруди "Громче слов" изҳор дошт, ки дар зиндагӣ бояд қабл аз ҳама ба амали инсонҳо таваҷҷуҳ кард, на ба суханҳояшон.
Инчунин Манижа зимни консерт аз зебогии занон суҳбат карда, таъкид намуд, ки орою пардоз, ё худ "макияж" чандон муҳим нест, муҳим назокати табии занон мебошад.
"Албатта, мухолифи пардоз — "макияж" нестам. Ташаккур ба бонувоне, ки онро фароҳам карданд. Аммо мехоҳам, ҳар зан донад, ки ӯ бидуни орою пардоз низ зебост", — гуфт Манижа.
Дар пайи ин суханҳо Манижа дар саҳна "макияж"-ашро шуста, ба хоҳишмандони дигар низ поккунакҳои тарро пешниҳод кард.
Мухлисон ҳангоми сурудҳои "Люстра" ва "Изумруд"- и Манижа якҷо бо муаллиф сурудҳоро хонданд. Ӯро баъди анҷоми консерт дигарбора ба саҳна даъват карданд, то ҳунарнамоиро давом диҳад. Консерт бо садои баланди миннатдории мухлисон аз Манижа анҷом ёфт.