Мулоқоти сол: Путин, Мирзиёев, Лукашенко бо ҳамтоёнашон ба Душанбе меоянд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета глав государств-участников СНГ
Заседание Совета глав государств-участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Душанбе мизбони ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешавад

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ дода, афзудааст, ки мулоқот 28 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон дар назар аст.

Ҳамоиши мазкур муҳимтарин чорабинии 2018, соли роҳбарии Тоҷикистон дар ИДМ арзёбӣ мешавад.

Дар назар аст, ки зимни ин ҷаласа дар Душанбе роҳбарӣ дар ИДМ аз Тоҷикистон ба Туркманистон вогузор шавад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки феълан роҳбари Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ мебошад, ин мақомашро ба ҳамтои туркманаш месупорад.

Дар арафаи мулоқоти сарони давлатҳо, вазирони умури хориҷии кишварҳои ИДМ дар Душанбе ҷаласа баргузор хоҳанд кард.

Феълан масъулини кишварҳои ИДМ доираи васеи масъалаҳо, аз истифодаи кайҳон то фароҳам кардани ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи мобилиро баррасӣ доранд ва дар назар аст, ки то охири сол дар ин масоил созишномаҳо ба имзо бирасанд.  

Лентаи хабарҳо
0