Афзалшоҳ Шодиев: падару бобоям дар ободонии Самарқанд саҳм доштанд (НАВОР)

© SputnikНародний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманд мегӯяд, гузаштагонаш аз Самақанд буданд. Вай дар гузашта низ борҳо меҳмони ин шаҳр шуда буду ҳоло аз ободии Самарқанд шигифтзада шудааст. Ӯ Панҷикандро зодгоҳи дувуми худ гуфт

 ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар ҳошияи ҳунарнамоӣ дар Самарқанд бо рӯзноманигорони маҳаллӣ мусоҳиба кардааст. 

Ҳунарманд гуфтааст, ки Самарқанд барояш бегона нест — гузаштагонаш аз Самарқанд буданду падару бобояш дар таъмири ёдгориҳои шаҳр ва ободонии шаҳр саҳм гузоштаанд. Мусоҳибаи хабарнигори "Пайки Саарқанд" дар рӯзи баргузории "Шоми дӯстӣ" дар шаҳр сурат гирифтааст.

- Афзалшоҳ, Шумо пештар ҳам аз шаҳри мо дидан кардаед. Ба назаратон шаҳр то кадом андоза тағйир ёфтааст?

—  Гузаштагони ман аз Самарқанд буданд. Бобову падарам дар таъмири ёдгориҳои шаҳр ва ободонии Самарқанд саҳм доштанд. Зодгоҳи дувумам  Панҷиканд аст, ки ҳамагӣ 60 км аз маркази Самарқанд ҷой гирифтааст.

 Пештар ман борҳо ба ин шаҳр меомадам,  маконҳои таърихии Самарқандро хело хуб медонам ва аз бозорҳояш дидан кардаам. Дар манзилҳои дӯстонам меҳмон мешудам. Ҳоло ман аз тағйирот дар шаҳр ҳайронам.  Кӯчаҳоеро, ки бо дӯстонам саёҳат мекардам, ба душворӣ шинохтам. Ман хурсандам, ки бо сиёсати хирадмандонаи раисҷумҳурони ду кишвар мо наздиктар шудем. Акнун имкон дорем, ки бемамоният наздиконамонро хабар гирем. 

- Чӣ пайванде байни Тоҷикистону Узбакистон мебинед?

— Бовар дорам, ки ду кишварро  фарҳангу анъанаи муштарак пайванди ногусастанӣ медиҳад. Дар ҳарду ҷумҳурӣ ҳам марказҳои миллӣ, мактабҳо бо забони тоҷикиву узбекӣ, маҷаллаҳову барномаҳои телевизионӣ бо ду забон мунташир мешаванд. Ҳоло барномаҳои фарҳангӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

- Мухлисони самарқандиатонро пазмон шуда будед? 

Авзалшо Шодиев выступает на торжественном приеме в честь 25-летия Независимости Республики Таджикистан в отеле Ритц-Карлтон - Sputnik Тоҷикистон
Афзалшоҳ Шодиев: 25 соли ҷудоӣ ба тоҷикон ва узбакон мушкил афтод

— Албатта. Ҳайрон шудам, ки бештари мухлисонам сурудҳоямро  баробарам мехонанд. Ҳарчанд бархе аз онҳо дар студия  сабт нашуда буданд. Кӯшиш мекунам, ки бо сафарҳои ҳунарӣ ба шаҳрҳои Узбакистон бештар сафар кунам.

- Муваффақиятро чигуна ба даст овардаед?

— Барои муваффақ шудан дар ҳама соҳа бояд пеш аз ҳама касбатро дӯст дорӣ ва тамоми кӯшишатро сарф кунӣ. Баъзан ман як рӯзи дароз барои ҳамвор кардани банди суруд дар студия мемонам: гоҳо садои масиқӣ маъқул намешавад, гоҳо  тору ғижжак  ҷӯр намешаванд, баъзан табъи одам хира аст, ки бетаъсир намемонад.  Аммо вақте илҳом меояд, шеъре ки табъи дилам аст, мӯъҷизавор ба суруд табдил меёбад. Оҳанг ба онҳо дар зеҳни ман худ ба худ пайдо мешавад. Ҳамин тавр ман ба 300 шеър оҳанг навиштаам. 

- Бо кадом шоирон ҳамкорӣ доред?

Ман дар таронаҳоям аз ашъори Лоиқ Шералӣ, Озарахш, Камол Насрулло, Гулназар истифода кардаам. Суруди навам "Ҳамдилон" ном дорад, ки дар бораи дӯстии ду миллат суруда шудааст.

 — Муҳофизи ҳар кас хонаводааш аст. Дар бораи оилаи худ чӣ гуфта метавонед?

Ман 5 фарзанд — 3 писар ва 2 духтар дорам. Писари калониам Ҷовидон бо варзиш машғул аст. Имсол вай қаҳрамони ҷаҳон дар муҳорибаҳои омехта шуд. Дигаронашон ҳам шуғли худро пайдо карданд.  Онҳо ба ман 6 набера ҳадя кардаанд, ки калонтаринашон имсол ба мактаб меравад. Дар умум ман аз толеи худ розиям.

— Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ

— Саломат ва муваффақ бошед.

Лентаи хабарҳо
0