ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон консерти идона баргузор шуд.
Дар бораи бардоштҳо аз Рӯзҳои фарҳангӣ, муносибати узбакон ва тоҷикон ва Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбакистон Sputnik Тоҷикистон бо ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Афшалшоҳ Шодиев сӯҳбат орост.
Устод Афзалшоҳ гуфт, барномаи имрӯза дар Театри опера ва балет бисёр ҷолиб буд ва мухлисон онро хуб қабул ҳам карданд.
Ба гуфтаи вай, аз ин ҷо дустии тоҷикону узбакон боз барқарор мешавад.
Ба фикри Афзалшоҳи Шодӣ шаҳрҳои қадима ба монанди Самарқанд ва Бухоро дар муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон нақши муҳим мебозанд.
"Мардуми мо ташнаи дидори Самарқанд, Бухоро ва Тошканд ва дигар шаҳрҳои ҳамсоякишваранд. Ман боварӣ дорам, ки онҳо низ мехостанд аз кишвари мо дидан кунанд",- изҳор дошт ҳунарманд.
Чуноне ки устод қайд кард, мардуми узбак ва тоҷикро якчанд омилҳо наздик мекунад, ки яке аз онҳо хешутаборӣ ва одатҳои ба ҳам монанд доштани онҳо мебошад.
"Тоҷикон ва узбакон бисёр мардуми бо ҳам наздиканд ва урфу одатҳои ба ҳам монанд доранд. Албатта, бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки бо шаҳрвандони Узбакистон хешу табор гаштаанд ва қудо ҳам шудаанд",- гуфт вай.
"Масалан, хешу табори модарии ман дар шаҳри Самарқанд ва авлоди падариам дар Бухоро зиндагӣ мекунанд, ин аст наздикии шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон",- илова намуд Афзалшоҳи Шодӣ.
Ба гуфтаи вай, 25 соли ҷудогӣ барои ду миллат мушкилиҳои зиёд овардааст.
Ҳунарманд изҳор дошт, акнун Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбакистон баргузор хоҳад шуд ва он сардие, ки миёни муносибатҳои ду кишвар меистод, хоҳад барҳам рафт.
Устоди ҳунар Афзалшоҳ Шодиев гуфт, дер боз мехост дар шаҳрҳои тоҷикнишини Узбакистон консертҳои худро баргузор кунад. "Ҳоло фурсат пайдо шуд, ки ман низ дар он ҷо консертҳои худро ташкил намуда, тоҷикони Узбакистонро шод кунам",- гуфт вай.
Дар охир Афзалшоҳ Шодиев қайд кард, мушкилиҳои пештара дар муносибатҳои ду кишвар ҷанбаи сиёсӣ дошт ва аз раисҷумҳури Тоҷикистону Узбакистон сипосгузор аст, ки хостори бартараф намудани ин камбудиҳо гаштаанд.