ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанд зери унвони "Шоми дӯстӣ" як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистону Узбакистон ҳунарнамоӣ карданд.
Хабарнигори "Пайки Самарқанд" дар ҳошияи ин барнома бо овозхони машҳури тоҷик Нигина Амонқулова мусоҳиба кардааст. Ҳунарманд дар мусоҳиба бо хабарнигори узбакистонӣ аз таҳсил дар риштаи тиб то роҳ ба сӯи овозхонӣ ва дастгирии мухлисону модаркалон ва додари худ дар роҳ ба сӯи саҳна нақл кардааст.
— Нигинахонум, то андозае ман медонам, Шумо Коллеҷи тиббиро хатм кардаеад. Ба саҳна чигуна роҳ ёфтед?
— Ҳамааш "айб"-и додарам Хусрав шуд, ки дар дили ман меҳри мусиқиро ҷой дод. Ӯ доим маро талқин мекард, ки бояд овозхони эстрада шавам. Ҳангоми таҳсил дар коллеҷ дар барномаҳои фарҳангии зиёде баромад мекардам, сурудҳои халқӣ мехондам. Таронаҳоям ба тамошобинон писанд омада, маро намегузоштанд, ки аз саҳна равам. Хоҳиш мекарданд, ки ақалан як суруди дигар иҷро кунам.
Он вақт фаҳмидам, ки табибӣ касби ман нест. Ҷиддан ба мусиқӣ машғул шудам. Сипас ба Донишгоҳи санъати ба номи Мирзо Турсунзода ба риштаи коргардонӣ дохил шудам. Вале ин ҳам аз они ман набуд. Ташаккур ба модаркалонам, ки маро дастгирӣ карданд ва падарамро розӣ кунониданд, ки ман мавқеи худро ёфтам. Ҳамин тавр ман донишҷӯи Консерваторяи Тоҷикистон ва овозхони ансамбли "Дарё" гаштам. Ман аз устодонам Музаффар Муҳиддинов, Мастона Эргашева ва Аслиддин Низомов миннатдорам.
— Нигина, Шумо бо кадом шоирон ва оҳангсозони тоҷик ҳамкорӣ мекунед?
— Сурудҳои ман ба матни шоирони муосири тоҷик навишта шудаанд. Бештари онҳоро оҳангсоз ва ҳунарманди тоҷик Сироҷиддин Фозилов ба оҳанг даровардааст. Ҳамчунин ман бо Саидқул Биболов, Шариф Бедаков ва Меҳриниссо, ки шеърҳояшон бисёр ба ман писанд асту иртиботӣ дӯстона ҳам дорам, ҳамкорӣ мекунам. То имрӯз 7 албом мунташир кардам. Онҳо "Retro", "Dar Oghushi Tu Memiram — Single", " Soddadil — Single" ва ғайраҳо мебошанд.
— Сафарҳои ҳунарӣ доштед?
— Ман бештар дар ватанам Тоҷикистон ва баъзан дар кишварҳои Осиёву Аврупо ҳунарнамоӣ мекунам. Боварӣ дорам, ки бо барномаи имрӯза дар шаҳри шумоён низ мухлисони худро пайдо кардам. Бо ибтикори раисҷумҳурони ду кишвар акнун ҳамкориҳо бештар хоҳанд шуд ва бо сафарҳои ҳунарии зиёде ба кишвари шумо низ хоҳам омад.
— Ташаккур барои сӯҳбат
— Муваффақ бошед.