ДУШАНБЕ, 01 янв — Sputnik. Овозхони шинохтаи тоҷик Нигина Амонқулова дубора модар шудааст. Ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон продюсери овозхон Беҳрӯз Зеваров таъйид кард. Бонуи ҳунар писари дуввумашро Довудҷон ном гузоштааст.
Нигина Амонқулова дар маҳфиле бахшида ба таҷлили Соли нав ба хабарнигорон ин навгониро худаш низ таъйид карда буд.
"Шукронаи Худо, ки дубора модар шудам ва соҳиби писарчаи дӯстрӯяк шудам",- гуфт ӯ.
Нигина Амонқулова рози зиндагии шахсии худоро аз ин бештар кашф кардан нахостааст ва дар бораи падари фарзандонаш чизе нагуфтааст.
Нигина Амонқулова яке аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистон аст, ки дар байни ҳунармандон бо либоспӯшии махсуси тоҷиконааш дар саҳна фарқ мекунад. Ин ҳунарманд пас аз як баромади худ дар "Андалеб" ба саҳна роҳ ёфт ва мавқеи худро низ пайдо карда тавонист.
Овозхон пас аз чанд моҳи хомӯшӣ 28-уми декабр дар саҳифаи фейсбукаиаш хабар дод, ки дар барномаи "Суруди сол" бо таронаи наваш "Ишқи ман" баромад мекунад.