Шавҳарамро ёд кардам: зани тоҷик барои дидор бо шавҳар шиносномаи қалбакӣ гирифт

Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марзи Русия муҷозот хоҳад шуд. Зан гуфтааст, ин иқдоми ғайриқонунии вай барои дидор бо шавҳараш, ки хело пазмон шуда буд, сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Як зани 21-солаи тоҷик ба убури ғайриқонунии марзи Русия муттаҳам мешавад. Зан барои дидор бо шавҳараш, ки дар вилояти Новосибирск иқомат мекардааст, шиносномаи қалбакӣ гирифта, марзи кишварро убур кардааст.

Тавре додситонии вилояти  Новосибирск хабар медиҳад, нисбати  зан бо моддаи 322 банди 2 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба иттилои манбаъ, зан  пас аз он, ки аз Русия ихроҷ мешавад, ба Тоҷикистон рафта, ному насабашро иваз карда, шиносномаи нав гирифтааст. Вай  дар соли 2017 ба Русия бармегардад.

Мигрантка из Таджикистана рассказала, как осталась без документов и жилья с маленьким ребенком на руках - Sputnik Тоҷикистон
Зани муҳоҷир: тифлонамро ёд кардам, нони қоқ мехӯрам, дар Ватани худам мехӯрам (НАВОР)

Афзун бар ин, зан худаш назди марзбонон омада, ба ҷурмаш иқрор шудааст ва изҳори таассуф кардаасӣ.

Пештар ҳуқуқшиноси тоҷики муқими Русия Иззат Амон бо номаи вижае ба вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода муроҷиат кард, ки ба муҳоҷирони депортшуда ивази ному насаб мамнӯъ шавад..

"Пешниҳоди ман аввал ба Ҳукумати кишвар, сониян ба Шумо ин аст, ки шаҳрвандони аз Руссия депорт шуда ба муддати 5 сол аз ҳуқуқи  иваз кардани ному насаб ва гирифтани шиносномаи нав маҳрум карда шаванд", — менависад ӯ.

Иззат Амон пешниҳоди худро чунин тавзеҳ медиҳад, ки иваз кардани ному насаб пас аз депорт шудан ва бозгашт ба Русия боиси зиндонӣ шуданӣ онҳо дар хориҷ гаштааст. Зеро муҳоҷирон бо ин амал қонуни Русияро нақз мекунанд ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

"Ҳамин ҳоло ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми вайрон кардани қисми 3 моддаи 322 (ғайриқонунӣ убур кардани марз) кодекси ҷиноии ФР дар зиндонҳо қарор доранд", — менависад вай.

Ба гуфтаи Иззат Амон, ин  моддаи қонун аз 0 то 6 сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0