Омори муфассал: ҳар рӯз камаш 90 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русия мегиранд

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузариш ба медиабонкРоссийский паспорта, архивное фото
Российский паспорта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Русия оморашон дар бораи теъдоди тоҷикистониҳо дар Русияро нашр карданд

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи муҳоҷирон, Вазорати умури дохилии Русия аз январ то июни соли равон 8 216 812 нафар муҳоҷири хориҷиро сабт кардааст.

"Аксари муҳоҷирон аз Узбакистон- 2 247 519 нафар, Тоҷикистон — 1 131 392 нафар,  Чин — 663 779, Украина — 858 162 ва аз Қирғизистон 411 321 нафар мебошанд", — омадааст дар иттилоияи Федератсия.

Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Академияи назди Президенти Русия аз хатари камшавии муҳоҷирон

Маскав дар меҳвари таваҷҷуҳи муҳоҷирон қарор дорад. Дар пойтахти Русия 855 ҳазору 580 муҳоҷири хориҷӣ сабт шудаанд.   

Муҳоҷироне, ки ҳадафашонро кор нишон додаанд, дар Русия ба 2 миллиону 676 ҳазору 580 нафар баробар шудааст. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз Узбакистон- 1 116 598 нафар,  Тоҷикистон — 551 504 нафар, Украина — 238 655 ва Қирғизистон- 161 839 нафарро ташкил додааст.

раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Нурмаҳмадзода: муҳоҷирон имсол ба Тоҷикистон пули бештар фиристоданд

Тайи моҳҳои январ — июни соли 2018 беш аз 126 ҳазору 412 нафар шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Ин нишондод соли 2017 — 125 279 нафар ва 2016 ба 133 603 нафар баробар будааст.  

Тайи шаш моҳи аввали соли равон шаҳрвандони кишварҳои зерин табааи Русияро гирифтаанд:  Украина — 39 582 нафар, Қазоқистон — 21 266 нафар, Тоҷикистон — 16 324 нафар, Арманистон — 12 989 нафар, Узбакистон — 9 879 нафар, Молдова — 7 759 нафар ва Озарбойҷон — 5 668 нафар.

Ин дар ҳолест, ки Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, феълан дар Русия 1 миллиону 121 ҳазору 337 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, аммо на ҳамаи онҳо муҳоҷирони меҳнатиянд. Ӯ теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русияро 664 ҳазор нафар арзёбӣ кард.

 

Лентаи хабарҳо
0