Дар Данғара дар мавзеи кушташудаи гардишгарон лавҳаи ёдбуд гузоштанд

© Корбари Фейсбук Ҷана АшӯроваДар Данғара ба хотири қурбониён лавҳаи ёдгорӣ гузоштанд
Дар Данғара ба хотири қурбониён лавҳаи ёдгорӣ гузоштанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Ҳамдардиву тасаллияти амиқи кулли мардуми Тоҷикистон ба наздикону пайвандони сайёҳони хориҷии фавтида”, - навишта шудааст дар лавҳаи ёдбуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Данғара дар мавзеи кушташудаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистон лавҳаи ёдбуд гузоштанд. Дар ин бора корбари Фейсбук Ҷана Ашӯрова хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, лавҳаро субҳи 2-уми август кормандони Ҳукумати ноҳияи Данғара насб кардаанд.

"Ҳамдардиву тасаллияти амиқи кулли мардуми Тоҷикистон ба наздикону пайвандони сайёҳони хориҷии фавтида", — навишта шудааст дар лавҳаи ёдбуд.

Дар гирди лавҳа ба хотири қурбониён гулу гулдаста гузошта шудааст.

Ёдрас мешавем, 29 июл дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара чанд муттаҳам ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ҳамла оварданд. Дар пайи он 4 гардишгар кушта шуда, ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Мардуми Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ба наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Сафорати Амрико, ки ду сайёҳи кушташуда шаҳрванди кишвар буд, дар як изҳороташ гуфт, "ин фоҷеа ба меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон иртиботе надорад".

Лентаи хабарҳо
0