ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Кумитаи тафтишотии вилояти Маскав қазияи заҳролудшавии оммавии муҳоҷирони тоҷикро, ки дар яке аз сохтмонҳо кор мекарданд, тафтиш мекунад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Маскав иттилоъ медиҳанд.
Олга Врадий, намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, ки тафтишоти пешакии қазияи заҳролудшавии муҳоҷиронро Кумитаи тафтишоти Маскав дар Любертси оғоз кардааст.
"Санҷишҳо муайян кардаанд, ки муҳоҷирони тоҷик пеш аз заҳролудшавӣ дар ҷойи корашон дар Маскав ғизо истеъмол карда буданд. Муҳоҷирон баъд аз пайдо шудани нишонаҳои заҳролудшавӣ ба табибон муроҷиат намуданд. Тибқи ташхиси пешакӣ онҳо гирифтори гастроэнтерит шудаанд", —гуфт Врадий.
Ёдрас мешавем, ки ахиран ба беморхонаи рақами 1 Любертсии 23 муҳоҷири тоҷик бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бистарӣ шуданд. Яке аз онҳо, мутаассифона фавтидааст.
Чуноне, ки маълум гаштааст, муҳоҷирон ҳануз 18 август дар ҷойи кор дар кӯчаи Сосновая баъд истеъмоли ғизо заҳролуд шудаанд.
Маълум шуд, ки осебдидагон дар ширкати ҶДММ "Импулс", ҶДММ "Боэс Констракшен" кор мекарданд. Онҳо дар сохтмони бинои истиқоматии "Оранж парк"-и гурӯҳи ПИК фаъолият мекардаанд.