Сурия, Эрон, Украина ва газ дар меҳвари гуфтушуниди тӯлонии Путин ва Меркел

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкРабочий визит президента РФ В. Путина в Германию
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Германию - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо Ангела Меркел, канслери Олмон, масоили марбут ба Украина, Сурия, Эрон ва лӯлаи гази "Шимол 2", - ро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи иттилои РИА Новости, зимни мулоқот, ки дар бӯстонсарои Мезеберги назди Берлин баргузор гардид, зарур хонда шуд, ки муколама дар ҳамаи масоил тақвият дода шавад.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия изҳор доштааст, ки дар мулоқоти сесоатӣ, аз ҷумла сохтмони лӯлаи газ аз Русия ба Аврупо баррасӣ шудааст, ки барои Олмон низ муфид мебошад.

Добыча газа - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон ба маблағи 15,1 миллион доллар ба Тоҷикистон газ мефурӯшад

Путин ва Меркел мувофиқанд, ки сохтмони лӯлаи газ набояд сиёсӣ карда шавад.

"Танҳо афзалияти тиҷорӣ ва рақобатпазирии ин лоиҳа таъкид шуда буд. Путин ва Меркел созиш карданд, ки набояд сохтмони лӯла ба ягон шевае сиёсӣ карда шавад", — изҳор дошт Песков.

Путин таъкид намудааст, ки Олмон аз харидорони калони гази Русия буда, соли 2017, 53,8 миллиард метри мукаабро харид кардааст. Соли равон хариди гази Русия 13 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Песков дар масъалаи Украина ҷонибҳо аз амалӣ нашудани тавофуқоти Минск изҳори таассуф кардаанд.

Ситуация вокруг ареста Кирилла Вышинского в Киеве - Sputnik Тоҷикистон
Қазияи боздошти раҳбари "РИА Новости-Украина" Кирилл Вишинский. Навор

"Қабули қонуни махсус дар бораи мақоми Донбас, ки як банди тавофуқоти Минск аст, норӯшан мебошад", — иттилоъ додааст сухангӯи раисиҷумҳури Русия.

Путин низ адами пешрафт дар масъалаи Украинаро таъкид карда, изҳор доштааст, ки роҳи дигаре ҷуз иҷрои тавофуқоти Минск нест. Ӯ изҳори умед кардааст, ки ба зудӣ дар ин самт пешрафтҳое ҳосил хоҳанд шуд.

Меркел фиристодани нерӯҳои сулҳхоҳи СММ-ро ба Украина ба миён гузошта, изҳор доштааст, ки Олмон омода аст, дар ин масъала масъулиятро ба дӯш гирад.

Дар мулоқот инчунин ҳалли масъалаи Сурия аз роҳи муколама баррасӣ гардидааст. Путин пеш аз ҳама хостори бозсозии ноҳияҳое шудааст, ки фирориён метавонанд ба он ҷо баргарданд.

Город Дума в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Исроил даҳҳо иншооти Эронро дар Сурия бомбборон кард: дар посух ба ҳамлаҳо

"Бояд ҷанбаи гуманитарӣ тақвият дода шавад, ба мардум кӯмаки башардӯстона барои бозсозии ноҳияҳо ироа гардад, то фирориён аз хориҷ тавонанд баргарданд", — изҳор доштааст Путин.

Дар мавриди Эрон ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки созиши ҳастаӣ бояд ҳифз гардад.

"Бисёр муҳим аст, ки ин созиши аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ тасдиқшуда ҳифз гардад, зеро он ба амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла алайҳи паҳншавии яроқи ҳастаӣ равона шудааст", —  гуфтааст Путин.

Меркел ҳам бо ҷонибдорӣ аз ҳифзи созиши ҳастаӣ изҳор доштааст, ки барномаҳои мушакии Эрон ва амалаш дар Сурияро бо нигаронӣ назора доранд.

Дар маҷмуъ ҷонибҳо аҳамияти музокиротро таъкид карда, Меркел изҳор доштааст, ки ҳамаи масоили баҳсӣ бояд тариқи гуфтушунид ҳал шаванд.

Лентаи хабарҳо
0