Исроил даҳҳо иншооти Эронро дар Сурия бомбборон кард: дар посух ба ҳамлаҳо

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкГород Дума в Сирии, архивное фото
Город Дума в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низомиёни исроилӣ қайд мекунанд, ки ҳамаи ҳавопаймоҳо, ки дар яке аз амалиётҳои бузургмиқёси солҳои охир ширкат карданд, бомувафаққият ба пойгоҳи худ бозгаштанд

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Ҳавопаймоҳои исроилӣ даҳҳо иншооти Эронро дар Сурия ва батареяҳои ДЗҲ-и нерӯҳои ҳукуматии Сурияро дар посух ба ҳамлаҳои шабеҳи шабона, бомбборон карданд.

Низомиёни исроилӣ қайд мекунанд, ки ҳамаи ҳавопаймоҳо, ки дар яке аз амалиётҳои бузургмиқёси солҳои охир ширкат карданд, бомувафаққият ба пойгоҳи худ бозгаштанд ва оташфишонии мушакӣ ки онро таҳрик дода буд, ҳамчунин бидуни талафоти исроилӣ анҷом ёфт.

"Артиши дифои Исроил ба даҳҳо ҳадафҳои низомӣ, ки ба созмонҳои эронии "Ал-Қудс" дар қаламрави Сурия тааллуқ доштанд, ҳамла кард", — омадааст дар гузориши низомӣ.

Горящий флаг США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вакилони парлумони Эрон парчами Амрикоро оташ заданд-Навор

Низомиёни Исроил ҳамкорони русиягии худро дар бораи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Сурия пештар хабар кардаанд.

"Русҳоро пештар аз ҳамла иттилоъ дода будем, механизмеро ба кор бурдем, ки дар дастамон аст", — хабар дод намояндаи расмии артиш Йонатан Конрикус.

Вай афзуд, ки ҳавопаймоҳои Исроил дар рафти ҳамлаҳои шабона ба мухолифати қавии қувваҳои маҳаллии ДЗҲ-и Сурия дучор шуданд. Зенитчиёни суриягӣ, тибқи гуфтаҳои ӯ, даъвати ба онҳо нигаронидашударо дар робита ба дахолатнопазирӣ ба амалиёт, ки ҳадафи он иншооти низомии Эрон дар ҶСА буд, нодида гирифтанд.

"Ба сӯии ҳавопаймоҳо, ки бо оташфишониҳои бузурги зенитӣ дучор шуда буданд, даҳҳо мушак сар доданд, вале ба мақсадҳои худ расида натавонистанд. Тамоми ҳавопаймоҳои мо ба пойгоҳи худ баргаштанд", — шарҳ дод Конрикус.

Ба гуфти ӯ, дар ҷавоб ба оташфишонӣ аз замин, ҳавопаймоҳои Исроил ба як силсила маҷмааҳои ДЗҲ-и навъи SA-5, SA-2, SA-22 ва SA-17, ки ба артиши суриягӣ тааллуқ дошта, дар онҳо таснифи системаи шуравӣ ё русиягии мӯшакӣ-зенитии НАТО насб шудааст, зарба заданд.

Лентаи хабарҳо
0