Дастури Рустами Эмомалӣ барои таълими замонавӣ: фанҳои дақиқ махсусан муҳиманд

© Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, дастур додааст, ки дар пайи таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ дар макотиби пойтахт низ шеваҳои муосири таълим роҳандозӣ гарданд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ ба масъулини пойтахт супориш додааст, ки бо дарназардошти рушду пешрафти ҷаҳони имрӯза тавассути гузаронидани таҳлилу омӯзиши амиқ, марҳила ба марҳила, тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт бо дастгоҳу таҷҳизоти таълимии ба талаботи замон ҷавобгӯ таъмин карда шаванд.

Дети с книгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф: ба хонандагон дастур надодаем, ки ба мактаб чормағзу оҳанпора оранд

Ин нуктаро шаҳрдори Душанбе зимни ифтитоҳи бинои нави  мактаби миёнаи  №11-и пойтахт изҳор доштааст.

Шаҳрдорӣ мегӯяд, бинои мазкур аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ Изатулло Давлатов сохта шудааст.

Рустами Эмомалӣ ҳангоми ифтитоҳи ин бинои сеошёна бо масоҳати умумии  9975 метри мураббаъ, омӯзиши фанҳои дақиқ ва омода намудани мутахассисони баланихтисосро муҳим арзёбӣ намудааст.

Манбаъ афзуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ҳанӯз соли 1933 ба фаъолият шуруъ намуда, бо гузашти солҳои зиёд куҳнаю фарсуда гардида, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуд.

Иншооти ифтитоҳшуда қисмати аввали сохтмони Муассисаи таълимии мазкур буда, анҷоми марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ ва дар маҷмӯъ муассиса соли 2019 дар назар дошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0