Вазорати маориф: ба хонандагон дастур надодаем, ки ба мактаб чормағзу оҳанпора оранд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкДети с книгами, архивное фото
Дети с книгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илм ҳеҷ гоҳ дастур ё фармоиш дар хусуси ба ивази маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ҷамъоварӣ намудани чормағзу оҳанпора ё картошкаро надодааст

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Расонаҳои Тоҷикистон чанде пеш хабар доданд, ки дар яке аз мактабҳои кишвар роҳбарияти мактаб ба хонандагон дастур додааст, ки ба ҷойи пули китоб ба мактаб чормағзу оҳанпора оранд. Вазорати маорифи Тоҷикистон дар пайи ин гузориш хабар додааст, ки ягон дастур надодааст, ки хонандагон ба ивази пули  китобҳои мактаб чормағз ё оҳанпора оранд. Аз ҷумла дар изҳороти Вазорати маориф омадааст:

Яке аз самтҳои пурбаҳстарини соҳаи маориф миёни аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма таҳия, нашр ва таъмин намудани  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ мебошад. Вобаста ба масъалаи мазкур қариб ҳар ҳафта як матлаб дар рўзномаҳои даврӣ нашр мешавад. Дар матлабҳо бештар норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ё пардохти маблағи иҷораи онҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Рулетка и игровые фишки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Омӯзгори амрикоӣ $30 ҳазор буҷаи мактабро дар казино барбод дод

Қабл аз баррасии масъала мехоҳем зикр созем, ки дар муассисаҳои таълимӣ дастури "Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он дар муассисаҳои таълимии ҶТ" амал мекунад, ки тибқи муқаррароти он китобҳои дарсӣ ба хонандагон дода мешаванд. Ҳамчунин барои ба роҳ мондани низоми шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ "Дафтари ба иҷора додани китобҳои дарсӣ" нашр ва ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастрас гардонида шудааст. Дафтари мазкур тарзи ҷамъоварии маблағҳои гардони иҷораи китобҳои дарсиро аз синфи 1 то 11 дар муддати 3 сол дар бар гирифта, волидайн ҳангоми гирифтани китоби дарсӣ дар Дафтар имзо мегузоранд. Ин амал минбаъд бо нархҳои гуногун ба иҷора додани китобро пурра аз байн бурда, шаффофияти ба иҷора додани китобҳои дарсиро байни муассисаи таълимӣ ва волидайн таъмин менамояд.

Аз ин рў, Вазорати маориф ва илм ҳеҷ гоҳ дастур ё фармоиш дар хусуси ба ивази маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ҷамъоварӣ намудани чормағзу оҳанпора ё картошкаро надодааст. Ва вобаста ба маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ дар ноҳияи Рашт бояд зикр кард, ки шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт то имрўз (санаи нашри мақола-20.10.2017) бояд 486 ҳазору 442,05 сомонӣ маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимиро пардохт мекард. Мутаассифона, ҳамагӣ 280 ҳазору 752 сомонӣ пардохт кардааст, ки ин 58 фоизи қарзи умумии иҷораи китобҳои дарсиро ташкил медиҳад. Яъне, масъулинро зарур аст, ки 205 ҳазору 650 сомонии дигар пардохт намоянд, то маблағи қарзи иҷораи соли равон пурра иҷро шавад.

Министерство юстиции Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Сарсониҳои ду донишҷӯи бечора дар нотариус: то пул надиҳед, коратонро анҷом намедиҳем!

Илова бар ин, шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт 382 ҳазору 804,24 сомонӣ аз солҳои 2001 то 31.12.2016 аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ қарздор аст, ки бояд онро низ пардохт намояд. Яъне, барои соли равон ва солҳои минбаъда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Раштро зарур аст, ки барои харидории адабиёти бадеӣ ва маводи таълимӣ (журнали синф, барномаҳои таълимӣ), ки аз ҳисоби хонандагон харида намешаванд, аз буҷет маблағҳои муайян ҷудо намояд. Ҳол он ки барои харидории ин номгўй мавод дар суратҳисоби муассисаҳои таълимӣ маблағ мавҷуд аст. Дар сурати дигар, қарзи маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ боз афзоиш меёбад. Агар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар солҳои қаблӣ маблағи муайян барои харидории адабиёти бадеӣ ва маводи таълимӣ (журнали синф, барномаҳои таълимӣ) ҷудо мешуд, шояд вазъ то ба ин ҳол намерасид.

Лентаи хабарҳо
0