ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Имрӯз, 14 август дар шаҳри Душанбе бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бинои нави Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯстро мавриди истифода қарор гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, бунёди бинои беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст моҳи апрели соли 2017 оғоз гардид.
"Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст аз чор ошёна иборат буда, дорои 69 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои корӣ, дарсӣ, китобхонаи электронӣ, бойгонӣ, шуъбаи қабулгоҳи беморон, шуъбаи бемориҳои пӯсти калонсолон, шуъбаи бемориҳои пӯсти хурдсолон, шуъбаи ташхисгоҳ, шуъбаи физиотерапевтӣ ва бахши гиёҳдармонӣ мебошад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар 5 озмоишгоҳи беморхона, аз ҷумла озмоишгоҳи клиникӣ, биохимиявӣ, серологӣ, вирусологӣ ва имунологӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб карда шудааст, ки қаблан чунин имконоти ташхису табобат мавҷуд набуд.
Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ барои 100 нафар, толори варзишӣ, болобар (лифт) ва 50 кат барои беморон мебошад.
Дар пойгоҳи беморхонаи мазкур кафедраи дерматовенералогияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибнӣ Сино фаъолият дошта, барои донишҷӯён дар ин ҷо шароити арзанда фароҳам мебошад.
Бахши гиёҳдармонӣ дар фаъолияти беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст мавқеъи намоён дошта, тавассути номгуи васеъи гиёҳҳои шифобахш мутахассисон хизматрасониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонанд.