Чархбол ду тақсим шуд: нақли Шубин дар бораи суқути чархболи МИ-8

© Sputnik / МЧС России / Гузариш ба медиабонкКрушение вертолета Ми-8 на Ямале
Крушение вертолета Ми-8 на Ямале - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар аввал ҳис кардам, ки кашиши чархбол тағйир ёфт, сипас зарбае буд, ки дар натиҷаи он думи чархбол канда шуд ва чанд кӯҳнавард бо он афтиданд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Павел Шубин кӯҳнаварди рус дар суҳбат бо РИА Новостидар бораис суқути маргбори чархбол дар Лахш нақл кард.

Вай гуфтааст, ки аввал чархбол кашишашро гум кард ва сипас зарбае буд, ки дар натиҷаи он думи чархбол канда шуд ва чанд кӯҳнавард бо он афтиданд.

"Чуноне, ки баъд маълум шуд ҳамои афтидаҳо ҷони худро аз даст доданд", — гуфт вай.

Вертолет Ми-8АМТШ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ расман ному насаби мусофирони ҳалокшудаи чархболро дар Лахш эълом кард

Ба гуфтаи Шубин, вай ҳамчун наҷотдиҳандаи ботаҷриба бо худ доруқуттӣ дошт. Шубин бо ду нафари дигар, фавран аз  доруқуттӣ истифода намуда, ба ҷабрдидаҳо  ёрии тиббӣ расонданд.

"Мо, ғайр аз як нафаре, ки миёнаш осеб дида буд дигар ҳамаро аз чархбол берун овардем ва дар хаймае ҷойгир кардем. Аз ҷои ҳодиса ман охирон нафаре будам, ки ба Душанбе оварда шудам", — афзуд Шубин.

Шубин ҳамроҳ бо як рафиқаш Сергей Миронов, ки ӯ низ осеби ҷиддӣ надида буд, пас аз ташхисҳои табибон аз бемористони  "Истиқлол" рухсат дода шуд. Онҳо  бистарӣ шудан дар беморхона даст кашидаанд ва ҳоло дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе истодаанд.

Кӯҳнавардон дар интизори санадҳояшон мебошанд, ки дар ҷойи ҳодиса мондаанд.

Вертолет Ми-8, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъи ваҳими ду кӯҳнавард ва бозгашти се нафари онҳо ба Русия

"Ман ва рафиқонам интизорем, ки кай чизу чора ва ҳуҷҷатҳоямонро, ки дар мавзеи  суқути чархбол мондаанд, интизорем. Пас аз дастрасӣ ба санадҳоямон ба Русия бармегардем",- мегӯяд ӯ.

Ёдрас мешавем пештар хабар дода шуд, ки садамаи чархбол 12 август соати 16:30 дар поёноби пиряхи Фортамбек дар минтақаи ноҳияи Лахши вилояти Хатлон рух додааст. Дар пайи ин ҳодиса се кӯҳнавард ва ду сарнишин ҳалок шуданд. Нӯҳ нафари дигар дар бемористон бистарӣ гаштаанд.

Лентаи хабарҳо
0