ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, шоми 11-уми август, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Фирдавсҷони Худойқул, сокини 27-солаи деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сангпар ба самти маҳаллаи Ҳ.Аҳмар, дар рӯ ба рӯи оромгоҳи маҳаллаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" бархӯрдааст.
"Дар натиҷа ронандаи "Опел", Абдураҳмонов Ҳабибулло Соҳибназарович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Муъминобод ва мусофиронаш — Эмомов Муҳаммадҷон Ҷумъахонович, соли таваллудаш 2011, Эмомов Мустафо Ҷумъахонович, соли таваллудаш 2014, сокинони шаҳри Кӯлоб ва Одинаев Абдурозиқ Мусоевич, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Муъминобод, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", — иттилоъ додааст ВУД.
Манбаъ афзудааст, ки мусофирони дигари "Опел", — Қаюмов Абдухолиқ Абдулазизович, соли таваллудаш 1967, сокини.Муъминобод ва Раҳмонова Муборак Сафаровна, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Чармгарони поён бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Дар мавриди саворони "Мерседес" ВУД изҳор дошт, ки ронанда ва мусофираш Ҳайдаров Ором Баҳромович, сокини 30-солаи деҳаи Сангпар, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи вилоятии ш.Кӯлоб бистарӣ гардидаанд.
ВУД афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.