Се куштаю се маҷруҳ дар пайи садама бо иштироки тоҷикон (Навор)

Обуна шудан
Садамаи маргбор дар дастгоҳи наворбардории яке аз мошинҳо сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ронандаи “Mitsubishi Space Star” ба хатти муқобили ҳаракат баромада, бо  ВАЗ-2111 бархӯрдааст, ки дар натиҷа се нафар кушта ва се нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Тибқи иттилои мақомоти умури нақлиёти вилояти Маскав садамаи маргбор шоми 13 июл дар ноҳияи Серпухов дар роҳи Калиново — Дракино рух додааст. Гунаҳкори ҳодиса ронандаи Mitsubishi Space Star арзёбӣ мешавад, ки бо суръати баланд ба хатти муқобили ҳаракат баромадааст.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ ронандаи ВАЗ-2111, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар пайи бархӯрд аз тирезаи пеш берун парида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳамватани дигараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Лаҳзаи садамаи мазкур дар дастгоҳи наворбардории яке аз мошинҳо сабт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0