Туркия дар Душанбе корхонаи истеҳсоли автобус месозад

Обуна шудан
Тоҷикистон ва Ширкати туркии «ULASIM IC VE DIS TICARET ANONIM SIRKETI» шартномаи сохтмони Корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш дар Тоҷикистонро ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, ширкати «АВЕСТО ГУРУҲ» ва Ширкати "ULASIM IC VE DIS TICARET ANONIM SIRKETI"-и Туркия дар бораи сохтмони Корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва ба роҳ мондани маркази хизматрасонии техникӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар ин бораи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.

В Душанбе представлены новые автобусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз Қазоқистон 300 автобус мехарад

Ба иттилои манбаъ, созишномаи мазкурро аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Мирзо Муҳаммад Файзуллозода, раиси ширкати "Авесто Гуруҳ" ва аз тарафи Туркия, Ремзи Бака, раиси ширкати "ULASIM IC VE DIS TICARET ANONIM SIRKETI" ба имзо расониданд.

"Бо мақсади навсозии парки техникии шаҳри Душанбе барои харидории 100 автобуси тамғаи "AKIA" бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Тоҷикистон байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати туркии «AKIA» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст", — таъкид кардааст манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар сурати ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нав иқтидори истеҳсоли автобусҳо дар як сол аз 250 то 300 ададро ташкил хоҳад дод.

Автобусы в автопарке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хуҷанд аз Русия 25 автобус ворид кард

Корхонаи мазкур дар муҳлати як сол сохта ва ба истифода дода мешавад. Инчунин дар оянда ташкили марказҳои хизматрасонӣ дар дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

"Сохтмони корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятию боркаш ва ба роҳ мондани маркази хизматрасонии техникӣ дар Тоҷикистон дар заминаи ширкати «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ва ширкати «Сити Сервис Лтд» амалӣ хоҳад гашт", — афзуд Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0