Тоҷикистон аз Қазоқистон 300 автобус мехарад

Обуна шудан
Тоҷикистон аз ширкати қазоқии “KazakhExport” ба 19 миллион доллар 300 автобус мехарад

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тоҷикистон аз Қазоқистон 300 автобус харидорӣ мекунад. Дар ин бора байни ширкати  "Азия Групп"-и Тоҷикистон  ва "KazakhExport" —и Қазоқистон  ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст. Дар ин бора вебгоҳи "KazakhExport" хабар медиҳад.

"Ширкати "Азия Групп" ба 19 миллион доллар аз ширкати "KazakhExport" 300 автобус харидорӣ мекунад",- гуфта мешавад дар санад.

Манбаъ меафзояд,  ба Тоҷикистон 300 автобуси тамғаи Hyundai County, ки дар корхонаи ТОО "Hyundai Trans Auto" шаҳри Алмаато тавлид мешаванд, содир хоҳанд шуд. 

Автобусҳои барои беҳтар намудани вазъи мусофиркашии Душанбе истифода шуда, дар роҳҳои пойтахт ва дигар шаҳру навоҳии наздики он хизмат хоҳанд расонд.

Гуфта мешавад, ин созишнома барои густариши ҳамкорҳои  иқтисодии  миёни ду кишвар мусоидат мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2017 ширкати "Азия Групп"-и Тоҷикистон бо ширкати "Аллюр"-и Қазоқистон бораи харидиди ҳазор худравҳои тамғаи JAC ба маблағи умумии 10,5 млн. доллар шартнома  баста буд. Аз ин миқдор беш аз 400 худрав ба Тоҷикистон расида, ба истифода дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0