Рекорди сол: поинравии якбораи қурби рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони в конверте, архивное фото
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон якбора поин рафта, бархе аз муассисаҳои молиявии кишвар арзиши 1000 рублро имрӯз 134,5 сомонӣ муайян кардаанд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Аз ҷумла бонки Эсхата имрӯз, 13-уми август қурби 1000 рублро зимни харид 134,5 сомонӣ ва зимни фурӯш 135,5 сомонӣ муайян намудааст, ки поинтарин нишондод тайи моҳҳои охир мебошад.

Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони Бонки Миллӣ дар бораи қурби асъор барои 16 июл

Бонки Миллӣ барои имрӯз қурби рубли русиро 0,1403 муайян намудааст ва арзиши доллар тақрибан бетағйир — муодили 9,42 сомонӣ боқӣ мондааст.

Ин дар ҳолест, ки нимаи моҳи июл арзиши 1000 рубли русӣ дар Тоҷикистон аз 151 сомонӣ бештар буд.

Поинравии қурби рубл, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо ин асъор маош мегиранд, зарбаи ҷиддӣ ба даромади  хонаводаҳо дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0