ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 16-уми июл нархи фурӯши 1 доллари амрикоиро дар бозори нақд 9,43 сомонӣ муқаррар кардааст.
Тибқи иттилои Бонки Миллӣ қурби 1 доллари ИМА барои имрӯз, 9.4200 сомонӣ, 1 евро – 10.9715 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1512 сомонӣ муайян гардидааст.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки имрӯз арзиши фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои молиявии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА - 9.4300, 1 евро аз 10.9000 то 11.0200 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1510 то 0.1515 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.