ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хантӣ Мансийск, дар минтақа сиёсати давлатӣ дар умури муҳоҷирон барои солҳои 2018-2020 ба тасвиб расид.
Губернатор Наталя Комарова изҳор доштааст, ки минтақаи таҳти идорааш таҷрибаи ғании қабули теъдоди зиёди муҳоҷиронро дорад.
"Мехоҳем дар барномаи давлатӣ чорабиниҳои дахлдорро барои ҷалби муҳоҷирони мутахассис ба лоиҳаҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва истеҳсолот ворид кунем. Ҳадди ақал фонди махсуси манзил ташкил мешавад, ки муҳоҷирони мутахассисро бо хона таъмин хоҳад кард", — гуфтааст Комарова.
Алексей Варлаков, мудири бахши меҳнат ва шуғли аҳолии минтақаи мухтори Хантӣ Мансийск изҳор доштааст, ки дар ҷалби мутахассисон ҳавасманданду барои мутобиқсозии фарҳангию забонии онҳо чорабиниҳои махсусро роҳандозӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Варлаков муҳоҷирон аз тамоми имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла таъминот бо манзили зист бархӯрдор хоҳанд шуд.
Минтақаи мухтори Хантӣ Мансийск —Югра, субъекти федералӣ буда, ба вилояти Тюмен шомил мебошад.
Минтақа аз нафту газ бой буда, аз нигоҳи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Русия, баъди Маскав дар ҷои дуюм қарор дорад.