ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Нуралиев зимни ҳамоиши таълимӣ бо иштироки намояндагони ширкати "Томсон Рейтерс", зери унвони "Автоматикунонии кори хазинадорон", гуфтааст, ислоҳоте, ки имрӯз дар низоми бонкӣ татбиқ мешаванд, ба баланд бардоштани мақоми ташкилотҳои қарзӣ дар иқтисодиёт ва барқарор кардани эътимоди аҳолӣ ба низом равона карда шудааст.
Ӯ афзудааст, ки маҳз бо ҳамин мақсад бо низоми электронии "Томсон Рейтерс" аз соли 2015 ҳамкориро ба роҳ мондаанд.
Нуралиев Ҷамолиддин барои беҳтар муаррифӣ намудани низоми молиявии ҷумҳурӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ пешниҳод кардааст, ки дар саҳифаи низоми электронии "Томсон Рейтерс" иттилоот дар бораи Тоҷикистон такмил дода шавад.
Ӯ инчунин дархост кардааст, ки барои таъмини шаффофияти фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми электронии "Томсон Рейтерс" саҳифаи алоҳидаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шавад. Нуралиев афзудааст, ки аз ҷониби ширкати байналмилалии "Томсон Рейтерс" барои такмили ихтисоси хазинадорон ва диллерони ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ ташкил гарданд ва барои дастгирӣ ба ин ширкат изҳори сипос кардааст.