ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати ВУД дар Душанбе, зимни таҳқиқ муайян гардид, қаҳрамоне, ки худро ҷияни генерал гуфта, атрофиёнро дашном додааст, зода ва истиқоматкунандаи кучаи Бухорои шаҳри Душанбе шаҳрванд Бураков Убайдулло Лутфуллоевичи 23-сола мебошад.
"Муайян гардид, ик номбурда автомашинаи тамағаи "Тайота-Каролла"-и падараш Бураков Лутфулло Партоевичро худсарона бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намуда, 7 август, тахминан соати 14.30 дар назди собиқ бозори Шоҳмансур бо ронандаи мусофирбари "Спринтер" муноқиша карда, нисбати ӯ суханҳои қабеҳ задааст",- омадааст дар иттилоияи ВУД.
Ба иттилои манбаъ Убайдулло Бураков 10 август бо қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста шуда, барояш ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз ҷазо таъин гардидааст.
Қазияи қоидавайронкунии ҷавон дар маркази Душанбе тавассути сомонаи "Ахбор" оммавӣ шуда, таҳқиқи он бо дастури генерал Шариф Назарзода, сардори пулиси пойтахт сурат гирифтааст.
Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз сокинон даъват намудааст, ки дар сурати шоҳиди ҳуқуқвайронкунӣ шудан, ба телефони боварӣ- 221-15-00, почтаи электронии Раёсат rvkddushanbe@mail.ru, саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» иттилоъ диҳанд.
"Ҳамаи муроҷиат ва пешниҳоду дархостҳои воридгардидаро шахсан сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода мавриди омӯзиш қарор дода, баъдан барои баррасӣ ва санҷиши холисона ба шуъбаву хадамоти милитсия пойтахт ирсол менамояд", — таъкид намудааст манбаъ.