ДУШАНБЕ, 12авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, Халилов Муҳаммад Эмомалиевич, аз руи маслиҳати пешакӣ бо шиносаш Қурбонов Хуршед Мирзоевич миёнаҳои моҳи июни соли 2018 ба шаҳрванд "А" дар ҳудуди шаҳри Душанбе ваъда додаанд, ки ба ивази 9 ҳазор доллар, ӯро ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мекунанд.
Ожонсӣ иттилоъ додааст, ки Халилов Муҳаммад ва Қурбонов Хуршед 22 июни соли 2018 дар назди беморхонаи "Қарияи Боло"-и шаҳри Душанбе аз шаҳрванд "А" 9 ҳазор сомонӣ, муодили 1 ҳазор доллари ИМА-ро гирифта, овардани 73000 сомонии боқимонда, баробар ба 8000 долларро талаб кардаанд.
"Дар пайи чораҳои оперативӣ 25 июни соли 2018 Халилов Муҳаммад Эмомалиевич ва Қурбонов Хуршед Мирзоевич, баъди аз шаҳрванд "А" гирифтани маблағи 73000 сомонӣ дар шаҳри Душанбе кӯчаи Борбад №86 дастгир гардида, маблағҳои зикрщуда аз дохили автомашинаи шахсии Халилов Муҳаммад ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардиданд", — омадааст дар иттилоия.
Ожонсӣ таъкид намуд, ки аз рӯи ҳодиса нисбати нисбати Халилов Муҳаммад Эмомалиевич ва дигарон барои қаллобӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.