Таҳдид ба пулис: тоҷиконро назорат кунед, вагарна тамоми Маскавро метарконам

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкТелефон дежурной части ОВД в Москве, архивное фото
Телефон дежурной части ОВД в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини Маскав ба пулис занг зада, таҳдид кардааст, ки муҳоҷирони тоҷикро санҷишу назорат кунанд, вагарна ӯ тамоми Маскавро метарконад

ДУШАНБЕ, 12авг — Sputnik. Тибқи иттилои шабакаи 360tv, марди номаълум тариқи телефон ба пулис иттилоъ додааст, ки дар биное дар кӯчаи "Большой Косинский" муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон қарор доранд. Зангзананда талаб кардааст, ки тоҷиконро санҷанд ва назорат кунанд ва таҳдид намудааст, ки дар акси ҳол ӯ тамоми Маскавро метарконад.

Манбаъ афзуд, ки маъмурини пулис дар суроғаи нишондодашуда муҳоҷиронро пайдо накардаанд ва феълан марди таҳдидгарро кофтукоб доранд. Зангзананда дар пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ва терроризми телефонӣ муттаҳам мешавад.

Лентаи хабарҳо
0