ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Саҳобуддин Шамсиддинов, корбари фейсбук дар гуруҳи "Хуҷандро дӯст медорам", саргузашти дӯсташро қисса кардааст, ки ҳангоми аз пеши мошинаш гузаштани гурбаи сиёҳ, аз мошин фаромада, санге паси китф партофааст.
Дӯсти Саҳобуддин дар шарҳи ин кораш гуфтааст, дар акси ҳол вақте гурба аз пеши роҳи одам мегузарад, корҳо бастаю бебарор мешаванд.
Дар пайи ин селаи боварҳои мардумии Тоҷикистон ба шабакаҳои иҷтимоӣ рехта, баҳси гармеро ба вуҷуд оварданд. Корбарон боварҳои нисбатан маъмулро зикр карданд, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон паҳн шудаанд.
Аз ҷумла шаб хона нарӯб баракат мепарад. Ҳуштак накаш, пул намебиёяд. Дар чой шамма рост истад, меҳмон меояд. Чойи гарм резад, меҳмони гармрӯй мебиёяд. Қошуқ афтад, занак меояд, корд ғалтад мардак меояд. Дасти рост хорад, пул меояд. Рӯзҳои сешанбе оббозӣ, саршӯйӣ мумкин нест. Намак резад, аз болояш шакар рез, вагарна ҷанг мешавад.
Шабона агар ба оина нигоҳ кунӣ, дар ҷои дур шавҳар мекунӣ. Гӯш таспад кадоме дар бораи ту суҳбат карда истодааст. Чашмат парад, росташ хурсандӣ, чапаш хафагӣ.
Бинӣ хорад, ош мехурӣ, миёни қош усма накаш ду шавҳар мекунӣ. Саҳари шанбе пул мадеҳ. Кафшҳоят болои ҳам истанд, шавҳарат боз як зани дигар мегирад. Ба кафши меҳмон намак пошӣ, даррав меравад. Авқот шӯр шуд, кадбону шавҳарро зиёд дӯст медорад.
Аз пайи меҳмони нофорам рӯб ё ҷоруб зан, дигар намеояд. Шаб нохун нагир, ҷӯробро рост намон, ки дар хона азо мешавад. Миёни нонро хурӣ, дар маркази шаҳр хонадор мешавӣ.
Мобайни қош дур бошад, ҷои дур шавҳар мекунӣ, мобайни қошро усма кунӣ, ду шавҳар мекунӣ.
Шаб пулро додан мумкин нест, баракат мепарад, агар сахт лозим шуд, дар замин монед, дар даст надиҳед. Намак резад, баракат мепарад. Ба роҳи дур ба сафар бароянд ҷорӯб назан. Тагпӯшро чаппа ба бар кунӣ, чашм намерасад. Аловчабозӣ накун, мезакин мешавӣ. Таги табақи хӯрок налес, дар тӯят борон мешавад.
Гуруҳе ин боварҳоро ширку хурофот номидаанд, аммо бархе бо зикри таҷрибаашон дуруст будани қисме аз ин гуфтаҳоро таъкид кардаанд. Аз ҷумла Фирӯза сабаби дар ҷои дур шавҳар карданашро ба он рабт додааст, ки шабона худро дар оина зиёд нигоҳ мекард.
Баъзе маҳудудиятҳои кор дар шабро бархе таҳлилгарон ба он рабт додаанд, ки дар гузашта ба далели камбуди рушноӣ имкони хато кардан зиёд буд. "Кори шаб хандаи рӯз", мегуфтанд, аммо дар замони мо, ки рӯшноӣ таъмин аст, ҳамаи корро кардан мумкин аст.
Дар ҳамин ҳол қаблан Шӯрои уламои Тоҷикистон алайҳи маҳдудияти рӯзҳо барои шӯстушӯйу нохунгирӣ изҳорот дода, таъкид намуда буд, ки тозагӣ аз талаботи Ислом аст ва барои он ҳама рӯз мувофиқ мебошад.