Қарори шаҳрдори Душанбе: Конфронси “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”

© Flickr \ Сайт президента ТаджикистанаРустам Эмомали на заседании правительства республики
Рустам Эмомали на заседании правительства республики - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар конфронс муовини раиси шаҳр, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президент, намояндаи АИТ, раиси Кумитаи дин ва дигарон суханронӣ хоҳанд кард

 ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Шаҳдори Душанбе Рустам Эмомалӣ рӯзи 9-уми июн қарореро ба имзо расонид, ки тибқи он дар пойтахт дар мавзӯи "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамоиши илмиву назариявӣ баргузор мешавад.

Тавре шаҳдории Душанбе хабар медиҳад,  дар қарори раиси шаҳр  таҳти № 333 қайд  мешавад, конфронси мазкур бо мақсади натиҷагирӣ ва арзёбии дастовардҳои 10 солаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор  мешавад.

Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти  Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқон, масъулони тарабхонаҳо, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони фаъол ва васоити ахбори омма иштирок хоҳанд кард.

Дар конфронс муовини раиси шаҳр, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президент, намояндаи АИТ, раиси кумитаи дин ва дигарон суханронӣ хоҳанд кард.

Конфронс 14-уми июни соли ҷорӣ дар бинои "Душанбе- Плаза" баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0