Вазири иқтисод муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар соли 2017-ро бар шумурд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМинистр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Негматулло Хикматуллозода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар соли 2017 дастовардҳои хубе дар заминаи иқтисод дошта ва тавонистааст зиндагии мардумро беҳбуд бахшад, мегӯяд вазири рушди иқтисод ва бозаргонии ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дастовардҳои иқтисодӣ дар соли 2017 имкон доданд, ки сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистонро беҳтар кунанд, гуфт вазири рушди иқтисод ва бозаргонии ҶТ.

Неъматулло Ҳикматуллозода дар мусоҳиба бо хабаргузории Sputnik Тоҷикистон аз дастовардҳои соли 2017 ва вазъу густариши иқтисоди кишвар гуфт: "Пеш аз ҳама бояд ёдоварӣ кард, ки дар соли 2017 вазъи иқтисоди ҷаҳон рӯ ба беҳбуд овард. Авзоъи норӯшан дар оғози сол ҷояшро ба хушбинӣ дод. Хезиши фаъолияти иқтисодӣ дар кишварҳои урупоӣ, осиёӣ ва Русия ба назар мерасад. Дар ин росто, Сандуқи байналмилалии пул (МВФ) дар охирин гузоришаш пешбинӣ карда, ки оҳанги рушти иқтисоди ҷаҳон имсол то 3,6 дарсад ва 3,7 дарсад дар соли 2018 хоҳад буд, ки 0,1 дарсад бештар аз пешбиниҳо дар моҳи июл аст".

Бад-ин васила омилҳои берунӣ барои иқтисоди кишвар ҳам беҳбуд ёфтанд, аз ҷумла нархҳо дар бозорҳои ашёи хом мусоидтар шуданд, фаъолиятҳои иқтисодӣ дар кишварҳое, ки шарикҳои аслии тиҷорати хориҷии мо ҳастанд, рӯ ба рушд ниҳодаанд.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии Душанбе ҳисобот медиҳад

Ҳамзамон дар омилҳои дарунии рушди иқтисод низ дигаргуниҳои мусбате дида мешавад, ки ба иҷрои тарҳҳои роҳбурдии иқтисодии кишвар — Барномаи миёнмуддати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016 — 2020 ва Роҳбурди рушду тавсеъаи миллӣ то соли 2030 — вобаста аст. Дар ин санадҳо ҳадафҳо, бартариҳо, вазифаҳо ва роҳу равиши гузори Тоҷикистон ба модели санъатӣ-навоваронаи рушди иқтисодӣ мушаххас ва муайян шудаанд.

Дар Тоҷикистон аз ҳисоби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ садҳо корхонаву бунгоҳҳои тавлидӣ бунёд мешаванд ва табъан корофаринӣ низ мешавад, ки имкон додаанд дар соли 2016 ҳаҷми тавлидоти санъатӣ 16 дарсад афзуда ва дар 11 моҳи имсол низ 21 дарсад бештар шудааст. Ин нишондиҳандаҳо бисёр хуб ҳастанд ва онҳо аз ҳисоби бахшҳои коркардии санъат ба даст омадаанд, ки чунон ки маълум аст, мизони бештари арзиши афзуда доранд.

Дар соли 2017 суботи макроиқтисодӣ нигаҳ дошта шуд ва дар 11 моҳи имсол рушди 7-дарсадии иқтисод ба даст оварда шуда, ки бо пешбиниҳои мо созгор аст. Дар кулл, рушди Маҷмуъи тавлидоти нохолис дар Тоҷикистон дар ҳадди 7 дарсад пешбинӣ мешавад.

Миёнигини музди кор дар Тоҷикистон дар 10 моҳ бо лиҳози таваррум ба 13,3 дарсад афзоиш ёфта, ки ин ҳам нишондиҳандаи хубе аст, ки гувоҳ бар фаъол шудани корхонаҳои тавлидӣ ва созмонҳои иқтисодӣ ва афзоиши тавони молии онҳо дар пардохти музди кор онҳо аст.

Мизони таваррум, ки яке аз муҳимтарин шохисаҳо ё нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ аст, дар 11 моҳ 6,3 дарсадро ташкил дод. Дар кулл мизони таваррум дар сол 6,7 — 6,8 дарсад баровард мешавад, ки камтар аз 7 дарсадест, ки пешбинӣ мешуд.

Ин рақамҳо ё додаҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар соли анҷомёбанда рӯ ба беҳбудӣ ниҳода ва ҳамин воқеъият муҳимтарин дастоварди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2017 аст.            

Лентаи хабарҳо
0