Кӯҳнаварди ҷавони рус Александр Гурков 6 рӯз дар асорати барф монд. Аммо хушбахтона ӯ зинда монд.
Вай бо ҳамсафараш Сергей Глазунов мехост ба қуллаи 7 километраи қаторкӯҳҳои Қарақорум дар Покистон расад.
Кӯҳнавардон 10 июл ба роҳ баромада, рӯзи 15-ум онҳо дар хаймае тамоми борҳои вазнинашонро гузошта, бо худ каме ғизо гирифта, роҳро идома доданд.
Пас аз 7 рӯз онҳо ба баландии 6,5 км расиданд, аммо мутаассифона Глазунов аз харсанге афтода, вафот кард.
Гурков танҳо монд. Ӯ тавонист то хайма расида, ба воситаи телефони радифӣ аз фоҷиа хабар диҳад.
Чархболи наҷотдиҳандагон бо далели шароити номусоиди ҳаво чанд рӯз наметавонистанд ӯро наҷот диҳанд. Аммо онҳо тавонистанд дар халтае ба вай хӯрок партоянд.
Кӯҳнавард аз 25 то 31 июл наҷотдиҳандагонро интизор буд ва умед дошт, ки ҳаво беҳтар мешавад. Саранҷом бахташ омад кард ва кӯҳнавардро наҷот доданд.
Чоруми август кӯнавардро ҳавопаймои МЧС ба Маскав дастрас кард. Пойҳои Гурковро хунук задааст.
Ӯ дар навор мегӯяд, вақти дар мондан дар кӯҳ фақат хона ва ҳамсарашро дар хоб медид ва бедор мешуд, ки ҳоло ҳам дар асорати кӯҳ аст.
"Ҳоло ман мехоҳам ба хона ба назди ҳамсар, кӯдакон ва хушдоманам равам. Хушдомани ман зани хубе аст",- мегӯяд вай.
"Ҷулия салом! Ман туро хело дӯст медорам",-изҳори муҳаббат мекунад вай.