Пулатро немедиҳам: Раҷабалӣ барои надодани қарз ба сари Ҳамоиддин "рекет" бурд

© МВД РТПодозреваемые в хулиганстве в Душанбе
Подозреваемые в хулиганстве в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар охир "рекетҳо" марди қарздиҳандаро ба кӯчаи 1-ум Советский даъват карда, латукӯб кардаанд ва аз вай пул ҳам ситонидаанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз авбошии 4 марди муттаҳам дар шаҳри Душанбе хабар дод. Ба итилои манбаъ, муттаҳамон мардеро барои талаб кардани қарзи додааш латукӯб карда, аз вай маблағ ҳам ситонидаанд.

Охирҳои моҳи июл Ҳамоиддин Юсупов сокини 33-солаи (марди қарздиҳанда) ноҳияи Рӯдакӣ аз Раҷабов Раҷабалӣ (марди қарзгиранда) марди 53-солаи душанбегӣ  маблағи додаашро талаб кардааст.

Раҷабов бошад, ба ҷойи баргардонидани қарз хостааст бо кӯмаки ба истилоҳ "рекетҳо" мушкилиашро ҳал кунад.

Ҳамин тавр, Раҷабалӣ Раҷабов  Гулов Дилшод ном сокини Мӯъминобод ва Давлатов Айём ном сокини пойтахти Душанберо барои "ҳаллу фасл"-и масъала ба ёрӣ хондааст.

"Муттаҳамон Ҳамоиддин Юсупов ба кӯчаи 1-ум Советскийи даъват намуда, вайро барои талаб кардани  қарз  лату кӯб карда, бо корд захмӣ кардаанд", — гуфта мешавад дар иттилоияи ВУД.

Ҳамчунин онҳо аз Юсупов пул ситонда, байни худ тақсим кардаанд, афзудааст манбаъ.

Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе аз рӯйи ин далел бо моддаи 237 қисми 2 ва 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот давом дорад. Гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0