ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино ба иттилои палатаи савдои Тоҷикистон, 9 августи соли равон дар Душанбе Шӯрои якуми кории соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мегардад.
Ба иттилои ҳамин манбаъ, қарор аст дар доираи шӯрои мазкур форуми тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар низ баргузор гардад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳамоиши мазкур намояндагони бахшҳои сохтмон, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология), кӯҳканӣ, металлургӣ, кимиё, мошинсозӣ, таҷҳизот ва технологияҳои барқӣ, мебел ва ғайраҳо ширкат хоҳанд кард.
Манбаъ таъкид кардааст, ки мақсади баргузории ин ҳамоиш, таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятнок ва гуногуни Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, инчунин дарёфти самтҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорони Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷии худ мебошад.