Ҳушдори обуҳавошиносон: то 11 август обу ҳавои Тоҷикистон то 42 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешЖара в Таджикистане, архивное фото
Жара в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабру тағйирёбанда мешавад. Ҳарорат шабона муътадил боқӣ монда, рӯзона дар бештари ноҳияҳо то 41-42 дараҷа мерасад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 11 август идома хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 16+21, рӯзона 32-37 ва дар шарқи ин вилоят шабона +4+9 ва рӯзона +20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +37 + 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +15 +20 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +16+18 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0